арзон — [ارزان] 1. камбаҳо, камқимат, камарзиш, зидди гарон; арзон кардани арзиши аслӣ маҷмӯи қимати (арзиши) чизҳои ба тавлиди ягон мол сарфшавандаро камтар карда, он молро истеҳсол кардан 2. аз нархи муқаррарӣ пасттар, на ба дараҷаи нархи муқаррарӣ,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
асл — [اصل] а 1. реша, бех; асос, моҳият; асли масъала моҳияти масъала 2. ҳақиқӣ, асил 3. зот, насл, насаб, авлод, нажод; аслу насаб нажод, насл, зоту зурриёт; аз асл ниг. дар асл; ба асли… ба худи…, ба моҳияти…; дар асли… дар нусхаи аслӣ…, дар матни… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беш — I [بيش] бисёр, зиёд, афзун: аз ҳама беш зиёдтар аз дигарон: аз ҳама беш пахта чидан; аз андоза (ҳад) беш беандоза; бениҳоят зиёд; беш аз беш торафт бештар, рӯз аз рӯз афзун; беш аз пеш аз пештара зиёдтар; назар ба пештара бештар; беш аз ҳисоб… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бозгаштан — [بازگشتن] баргаштан, бозомадан, гашта омадан; гашта рафтан, ба ҷои пештара рафтан, раҷъат намудан; ба ҳоли пештара баргаштан: аз саёҳат бозгаштан, аз шаҳр бозгаштан, ба ватан бозгаштан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мисл — [مثل] а. монанд, назир, ҳамто, чун; мисли пештара ба монанди собиқ, пештара барин; ба мисли… монанди…, назири…, чун; мислу монанд надоштан // мисл надоштан беназир будан, ҳамто надоштан; ягона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
собиқа — [سابقه] а. гузашта, рӯйдода, воқеъшуда; пештара; одати собиқа одати пештара; собиқа надоштан дар собиқ (гузашта) маъмул ва ҷорӣ набудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
талоқ — [طلاق] а. раҳонидани зан аз қайди никоҳ, ҷудо шудан аз зан, ҷудоӣ; талоқи боин д. талоқе, ки аз рӯи шариат пас аз он баъд аз гузаштани муддати ду моҳ ба зани пештара баргаштан мумкин нест; талоқи раҷъӣ талоқе, ки дар муддати муайян баргаштан ба… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
афзудан — [افزودن] 1. зиёд кардан, афзун гардонидан; изофа намудан 2. зиёд шудан, афзун гаштан; аз ҳад афзудан аз ҳад бисёр кардан; аз ҳад зиёд афзудан хеле афзун гаштан, хеле бисёр шудан; беш аз пеш афзудан нисбат ба пештара афзунтар гардидан; суръат(ро)… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
базм — [بزم] зиёфате, ки ба муносибати ягон воқеаи хурсандибахш (тӯй ва ғ.) бо иштироки ҳофизон, раққосон ва созандагон ороста мешавад; маҷлиси айшу тараб; базм кардан (оростан) базм ташкил кардан ◊ базми дойрагӣ базме, ки ба он ғайр аз одамони даъватӣ… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
боз — I [باز] 1. асоси замони ҳозира аз бохтан 2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои машғулшаванда: бедонабоз, қиморбоз, ҳуққабоз; созу боз зебу зинат, ороиш 3. ҷузъи пешини калимаҳои мураккаб ва феълҳо ба маънои дубора, аз нав рӯй додан,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ